80 сол муқадам дар оврили соли 1941 милодӣ дар шаҳри Моску пойтахти шуравии собиқ ки Тоҷикистон низ ҷузве аз 15 Чанде қабл китоби ҷадиди Тилло Некқадам нависанда ва рузноманигори баноми тоҷик зери унвони “ Лолаҳои Бадахшон мунташир шуд, ки маҷмӯи мақолаҳо аз фаъолияти ҳунарии гурӯҳи мусиқи кӯдаконаи зери унвони “Помир” ва достони зиндагии аксари аъзоёни ин гурӯҳро дарбар мегирад.
Дар пайи даргириҳо бо толибон беш аз 100 сарбозу афсари ҳукуматӣ аз вилояти Кундуз ба марзи Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Даргириҳои ахир миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи толибон ва тасарруфи чандини вулусволӣ аз сӯи толибон боиси нигарониҳо ва хезашҳои мардуми алайҳи толибон дар Афғонистони шакл гирифтааст. Инам оҳанги ҷадиди Рафиқ Содотрап хони ҷавон аз Афғонистонаст ки мешунавед. оҳанг зери унҷони “Ақибнишиниҳои токтикӣ”
75-умин солрузи Аҳмад Зоҳир, хунёгари Шарқ ва рӯнамоии китоби "Аҳмад Зоҳир Садои ишқ асту дилтанги"-и Султон Хамад рӯзноманигори фақиди тоҷик, ки 12 июн дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе дар ҳузури фарҳангиён ва алоқамандону дӯстдорони ҳунари Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.
Дар ин барнома оҳангҳоро аз Меҳрнигори Рустам, Фарзоди Ҳунардуст, Амирҷон Уззоқов ва Мадина Ақназарова мешунавед
Оҳанги “Russian Woman ва ё зани Рӯс” –и Манижа Сангин овозхони 29 солаи тоҷиктабори муқими Русия, ки ба унвони намояндаи Рӯсия дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи овози Юрувижн 2021 ширкат дошт, дар миёни намояндаи 26 кишвари ҷаҳон ҷои 9-ро соҳиб шуд. Ин дар ҳолест, ки таронаи “Зани рус”-и Манижа дар коноли расмии “Юрувижн” дар Ютуб беш аз 22 миллион боздидкунанда дошта ва дар маҷмӯъ аз пурбинандатарин таронаи Юрувижн 2021 дар шабакаи Ютуб буд. Ҳанӯз қабл аз роҳ ёфтанаш ба даври ниҳоӣ таронаи “Зани рус”-и Манижа боиси вокунишҳои шадиде шуд, ки иддае дар мухолифат аз ин овозхону оҳангаш садо баланд мекарданду Бархе аз сиёсатмадорону хабарнигорони Рус ҳатто аз вазорати фарҳанг Рӯсия хостанд ки ин овозхони Тоҷиктаборро аз рафтан ба даври ниҳоӣ маҳрӯм кунанд . Амо бахшеҳам ба тарафдориаш вокунишҳо нишон дода дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ ҳимят карда мегӯянд , ки дар даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифтани оҳанги Манижа барои ӯ ва алоқамандонаш пирӯзиаст. Матни ощанги “Зани русро Манижа худаш навишта мусиқиашро оҳангсози исроилӣ Ори Авнӣ ва Ори Каплан сохтаанд.
Тозатарин оҳангу таронаҳои ин ҳафтаро аз Бобак Муҳамадӣ, Дамирбек Олимов, Кова Акбарӣ, Фаридуни Хуршед, Ҷовид Шариф ва Мадина Ақназарова Мешунавед.
Дар ин барнома оҳангҳоро аз Соро Аҳмадова, Димо Милон ва Стору, Анвар Ахмедов, Себрат Шаҳоб ва Қурбони Сафарзод мешунавед.
Аз устоди донишгоҳ дар бахши молия ва иқтисод то ба овозхони уркестри симфуник. Ҳанифаи Эмомалӣ як духтари ҷавони тоҷик пас аз шаш сол кор ба унвони устоди бахши молия ва иқтисоди донишгоҳ корашро канор гузошту овозхони ҳирфаи шуд.
Бо фарорасии моҳи мубораки рамазон ҳамаи шумо шунавандагони азизро табрик мегӯям. “Дар оғуши мани” Достони ишқи нокоми оҳанги дусадоии Нигина Амонқулова ва Аброр Назаров.
Аз ду суи Омуи ин ҳафта Гулчини қашангтарин оҳангҳои дибшу ошиқона аз каронаи Ому ва фаротар аз он
Ҳафтаеро боз пушти сар гузоштем то расидем ба рузи душанбеи дигару ду суи Омуи дигар бо тозатарин таронаҳои Тоҷикистону Афғонистон аз каронаи Ому ва фаротар аз он.
Ҳафтае пур аз суруду таронаҳои тозае буд, ки овозхонҳо дар ҳарду сӯи Ому дар тантанаҳои наврӯзӣ ва маҳофили шодиву сурурур иҷро карданд, аммо имкони гунҷондани ҳамаи онҳоро дар маҳдудаи барномаи даҳдақиқаӣ надорем. Танҳо беҳтаринҳоро барои шумо гулчин мекунем. پس از رزخایی تفریخ و تعطیل و گشت و گذار نوروزی دوباره رسیدیم به رز دوشنبه , اول خفته و “ از دو س و عام و ” دیگر . هفتهای پر از سرود و ترانههای تازهای بود , که آوازخوانها در هارد و سو عام و در طنطنههای نوروزی و محافل شادی و سررور اجرا کردند , اما امکان گنجاندن همه آنها را در محدوده برنامه دهدققهی نداریم . تنها بهترینها را برای شما گلچین میکنییم .
Хуш омадед ба нахустин барномаи Аз ду суи Ому, дар нахустин душанбе, 2 фарвардини соли 1400 хуршедӣ, ва қарни ҷадиду соли говро, ки баробараст ба 22 морси 2021 милодӣ.
Рӯзҳои гарми баҳорӣ дар ду суи Ому, ки дашту даман гулпуш шуду сабзаҳои чаман дамидабуд дирӯз бо омдани дубораи барф дар аксар ҷойҳо ҳамаро зерии чодари сафеди барф кашида ҳолу ҳавои наврузу баҳорро аз байн бурд. Аммо ҳолу ҳавои дилҳоямон наврузиву баҳориҳаст ва оҳангу таронаҳои ҷадиди баҳорӣ ин шабу рузҳо дар ду суи Ому хеле зиёд ба бозор омада.
8 март, рузи ҷаҳонии зан, баҳонае ҳаст барои ташаккур аз шумо бонувон ва модарони азиз, ҳаргиз чашмони меҳрубони шумо номеҳрубонии рӯзгорро набинад. Орзуи фардои беҳтар барои тамоми занон бароятон мекунам. Дар вижабарномаи 8 март оҳангҳои ҷадиди бонувони овозхони ду суи Омуро мешунавед.
Ба мисли чашм баҳамзадан барқосо моҳҳо ва ҳафтаҳо пушти сар шуду инвари Омӯ дар Тоҷикистону Узбакистон аз имрӯз 1 марти соли 2021 аз рӯи гоҳшумории милоӣ баҳори нозанин аз роҳ расид. Ҷонибек Муродов, дар оҳанги ҷадидаш зери унвони “Худо ҳаст” бо як ҷаҳон ишқу муҳаббат паёме ба мухотабонаш дода ва мегӯяд ҳамаи ҷараёнҳои зиндагиатро ба мавҷи худо биспор. Зеро танҳо мавҷе, ки ҳеҷ вақт аз ҷӯшу хурӯш намеафтад мавҷи худост.
То охири барнома моро ҳамроҳӣ кунед, беҳтаринҳо ва тозатаринҳи ду суи Ому, аз ҷаҳони мусиқии мудерни Тоҷикистону Афғонистону Узбакистонро дар ин барнома барятон гулчин кардам.
Мисле ки маҳдудиятҳои куруноӣ камтар шуда ва овозхонҳо дубора ба сафарҳои ҳунарӣ ва баргузории барномаҳо консартӣ кам-камак бозмегарданд. Нахустин намоҳанги дусадоии Ҷовид Шариф овозхони баноми Афғонистон бо Мадина Ақназарово сарояндаи оқик зери унвони “Офтоб” пайки хуши бозгашт ба зиндагии маъмулии овозхонҳост. Матни ин таронаро Юсуф Сидиқӣ наваишта мусиқиашро Ҷовид Шариф худаш сохтааст.
Дақиқан дар ҳаминрӯз 20 соле қабл 8-уми феврали соли 2000 милодӣ Муборакшоҳ Мирзошоҳ овозхони баноми тоҷик, ки ҳанӯз 39 сол дошт бар асари як беморӣ чашм аз олам фуру баст. Муборакшо 19 августи соли 1961 дар рустои Емси ноҳияи Рӯшони дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон чашм ба олами ҳасти гушуд. Агар умр вафо мекард имсол 19 угости 2021 Муборакшо 60 сола мебуд. Аммо бо гузашти 20 сол аз марги Муборакшо оҳангҳои ӯ ҳамоно сари забонҳо ҳастанду ёду хотироташ дар дили ҳазорҳо алоқамандонаш боқист.