“Тиҷорат ва бонкҳо”. Чӣ тавр бонкҳо бо дастгирии шарикони байналмилалӣ системаи рақамиро рушд медиҳанд
Description
Дар нашри подкасти “Тиҷорат ва бонкҳо” мавзӯи таъсири қарорҳои рақамӣ дар дигаргунсозии соҳаи бонкдорӣ ва зиндагии соҳибкорон баррасӣ шуд.
Дар подкаст Ардашер Аминҷонов, мутахассиси бахши маркетинг ва PR дар Бонки «Арванд» ва ҳамчунин яке азагентҳои бонк - Мижгона Муминова дар доираи мавзӯимазкур суҳбат намуданд.
Лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид варушд оид ба маблағгузории Бонки «Арванд» на танҳо дар додани қарзҳо мусоидатмекунад, балки барои вусъат додани дастрасӣ ба қарорҳои рақамӣ низ мусоидатмекунад, ки махсусан барои ҷавонон, занон ва соҳибкорони хурд аҳамияти калондорад.
Чаро бонки мазкур намуди хизматрасони тавассути агентҳоро интихоб кард, аз он мизоҷ ва худи агент чӣ манфиат меёбад, системаи рақамӣ ба дастрасиихизматрасониҳои бонк дар маҳаллаҳои дурдаст то чӣ андоза нақш дорад, аз мавзӯҳои баррасишудаи подкасти «Тиҷорат ва бонкҳо» буданд.
Нашрҳои нави подкасти «Тиҷорат ва бонкҳо»-ро пайгирӣнамоед, то мо ба шумо боз ҳам бештар аз таърихи навгониҳо қисса кунем
Хотиррасон мекунем, ки тавассути барномаи «Машваратбарои тиҷорати хурд»-и Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, шумо метавонед азхизматрасониҳои мушовирони тиҷорат истифода баред. Рақами телефон бароимуроҷиат +992487011325