“Тиҷорат ва бонкҳо”. Чӣ тавр бонк метавонад занони соҳибкорро дастгирӣ кунад
Description
Қиссаи Шаҳло Ватанова шояд ба ҳаряк соҳибкоре, ки саҳифаи моро пайгирӣ мекунад, шинос аст. Ӯ бонуи хона буд,аммо рӯзе қарор дод, ки бояд ҳама чизро тағйир диҳад ва корхонаи истеҳсолиихудро таъсис дод.
Имрӯз дар корхонаи Шаҳло метавонҳар гуна маҳсулоти дӯзандагиро бо завқи баланд ва идеяҳои эҷодӣ фармоиш дод.
Дар нашри нави подкасти “Тиҷоратва бонкҳо” дар бораи он суҳбат кардем, ки чӣ тавр муассисаҳои молиявӣ ба рушдисоҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
Яке аз паҳлуҳои дигари дар подкаст баррасишуда дастгириитағйироти рақамӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ, ба мисли маблағгузории Бонкиаврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣбарои ҷавонон ва занон мебошад.
Меҳмони барномаи мо шуданд ШаҳлоВатанова, роҳбари корхонаи истеҳсоли либоси корӣ ва униформа барои ҳама соҳаҳоисаноат “Шаҳлои Ватан” ва намояндаи Ташкилоти микродепозитии “Имон Интернешнл” СиддиқҷонНеъматов, мудири маркази хизматрасонии маблағгузории хурд, ки на танҳо қарзмедиҳад, балки ба соҳибкорон кӯмак мекунад, то ба сатҳи нав бароянд.
Бонуи соҳибкор дар оғози суҳбатба мо гуфт, ки чаро маҳз “Имон Интернешнлро интихоб кард.
“Барои интихоб чанд бонкро гаштамва дар наздикии корхонаам филиали “Имон Интернешнл”-ро пайдо кардам. Муомилаихуби кормандони бонк ва масофаи наздики он барои ман қулай буд. Ин 10 сол пешбуд ва чун он замон интернет-бонкинг ҳанӯз вуҷуд надошт ва барои осон шуданибурда овардани ҳуҷҷатҳо корхона бояд ба бонк наздик мебуд”,- шарҳ дод Шаҳло.
Сиддиқҷон Неъматов гуфт, ки бонкниз барои ҷалби занони соҳибкор ҳар гуна чорабиниҳо ва ҷамъомадҳои ташвиқотӣмегузаронад, сатҳи хизматрасониҳояшро боло мебарад ва сабукиву имкониятҳои навпешниҳод мекунад.
Ба гуфтаи Шаҳло Ватанова, вақтесоҳибкор мехоҳад корхонаашро калонтар кунад, дастгоҳу таҷҳизоти нав гирад ва ёкоргарони бештарро ҷалб кунад ва дар ин кор фонди гардиши корхона кифоянамекунад, маҷбур мешавад ба бонк барои қарзи тиҷоратӣ муроҷиат намояд.
“Ман низ чунин кардам.Бизнес-нақшаи худро тартиб дода ба “Имон Интернешнл” муроҷиат кардам. Бонкэкспертизаи шаффоф ва зуд гузаронида ба ман қарз дод. Чун “Имон Интернешнл”барномаи “Рушди соҳибкории занон”-ро татбиқ мекунад, соҳибкор тибқи он пас азбаргардонидани қарз субсидия, яъне як қисми маблағи фоизро мегирад”,- афзудШаҳло.
Нашрҳои нави подкасти “Тиҷорат вабонкҳо”-ро пайгирӣ намоед, то мо ба шумо боз ҳам бештар аз таърихи навгониҳоқисса кунем
Хотиррасон мекунем,ки тавассути барномаи “Машварат барои тиҷорати хурд”-и Бонки аврупоии таҷдид варушд, шумо метавонед аз хизматрасониҳои мушовирони тиҷорат истифода баред.Рақами телефон барои муроҷиат +992487011325