Дар Тоҷикистон чӣ нест: журналистикаи иқтисодӣ ё худи иқтисод?
Description
Рӯзноманигории иқтисодӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои рушднокардаи журналистикаи тоҷик аст. Коршиносон ва худи рӯзноманигорон барои ин далелҳои гуногун доранд. Бо вуҷуди ин ки ҳамасола аз рушди 6-7 дарсадии иқтисод дар Тоҷикистон гузориш дода мешавад, аммо бар ҳисоби оморҳои расмӣ кишвари мо дар Осиёи Марказӣ ва ҳамин тур дар миёни кишварҳоии Шӯравии собиқ яке аз кишварҳои фақиртарин аст. Иқтисод дар Тоҷикистон бо чолишҳои гуногуне рӯ ба рӯ аст: аз чолишҳои табиӣ – надоштани захираҳои нафту газ, надоштани роҳҳои баҳрӣ ва минтақаи кӯҳистонӣ гирифта то чолишҳои сунъӣ – дар ихтиёри ширкату гуруҳҳои мушахс гир мондани тиҷоратҳои асосӣ ва набудани муҳити ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ.
Иршод Сулаймонӣ дар подкасти нав, ин бор ин мавзуъро бо шореҳони маъруфи иқтисодии кишвар: Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигори Гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus ва Усмон Ниёзов, муовини сардабири нашрияи “Тоҷикистон” ба баҳс гирифтааст.
______
Подкастҳои «Хабарнигори муосир». Мо мушкилот ва мавзуъҳоеро ба баҳс мекашем, ки расонаҳо ва рӯзноманигорони Тоҷикистон ба онҳо гирифторанд. На танҳо бо рӯзноманигорон ба баҳс мекашем, балки таҳлил мекунем, дар мавриди онҳо ҳарф мезанем ва мубоҳиса ҳам мекунем.
Муҷрӣ: Иршод Сулаймонӣ
Муҳаррир: Хуршед Назаров
Продюсер: Лилия Гайсина
Танзим: Алексей Ли