DiscoverТри медведяБарқ нест, офтоб ҳаст! Кадом таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон дастрас аст
Барқ нест, офтоб ҳаст! Кадом таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон дастрас аст

Барқ нест, офтоб ҳаст! Кадом таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон дастрас аст

Update: 2025-04-03
Share

Description

Тоҷикистон ҳамасола бо мушкилинорасоии нерӯи барқ дучор мешавад. Махсусан, дар минтақаҳои дурдаст ва деҳаҳоикишвар камбуди барқ зиндагии мардумро душвор мекунад. Бо вуҷуди он ки даркишвар нерӯгоҳҳои барқии азим кор мекунанд, нуқтаҳои аҳолинишине ҳастанд, киҳатто ба шабакаи ягонаи тақсимоти барқ пайваст нестанд.

Аммо кишвари мо дар як сол беш аз300 рӯзи офтобӣ дорад, ки метавонад алтернативаи хубе бошад. Технологияҳоиофтобӣ метавонанд бисёре аз мушкилоти аҳолиро ҳал кунанд.

Дар бораи таҷҳизоти офтобие, киҳоло дар Тоҷикистон дастрасанд, хизматрасонии техникӣ, тарзи фармоиши қисмҳоиэҳтиётӣ ва кафолати онҳо дар силсилаи подкастҳои нави “Включи солнце!” бо БаҳруллоАбдуллоев, директори ширкати “Green Technologies – Технологияҳои сабз” суҳбаткардем.

Ин ширкат бо таъмин кардани таҷҳизоте машғул аст, кибо энергияи офтоб кор мекунад.

Он барои ҳалли мушкилиҳое, бамонанди норасоии барқ ва дастрасӣ ба барқ дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон, ки азхати барқ ҷудоянд, аз қатъи мавсимии барқ ё ҳангоми садама маҳдуд шуданиинтиқоли барқ азият мекашанд, кӯмак мерасонад.

Директори ширкат мегӯяд, дарбаробари аҳолии деҳот тиҷоратҳо ва корхонаҳои хурду бузург низ ба нерӯи барқталаботи зиёд доранд, ки дар давраи маҳдудияти мавсимӣ танқисӣ мекашанд.

Ҳамчунин, ҳоло дар шаҳрҳо низмардум ба технологияҳои офтобӣ таваҷҷуҳ доранд.

Дар Тоҷикистон системаҳои барқииофтобӣ аз ҳама бештар талабот дорад, ки 60-70 фоизро ташкил медиҳад. Баъданобгармкунакҳои офтобӣ ва насосҳои офтобӣ низ таваҷҷуҳ хеле зиёд аст, афзудБаҳрулло Абдуллоев.

Дар нашри навбатии подкаст мо дарбораи фоидаҳое мегӯем, ки хонаводаҳо бо насби таҷҳизоти офтобӣ ба даст меоранд.

Comments 
In Channel
loading
00:00
00:00
x

0.5x

0.8x

1.0x

1.25x

1.5x

2.0x

3.0x

Sleep Timer

Off

End of Episode

5 Minutes

10 Minutes

15 Minutes

30 Minutes

45 Minutes

60 Minutes

120 Minutes

Барқ нест, офтоб ҳаст! Кадом таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон дастрас аст

Барқ нест, офтоб ҳаст! Кадом таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон дастрас аст

YOUR.TJ